Рубайат ошибки точики

Духтарак Шоира Зеби

РУБОИИ ОШИКИ

| Март 3, 2017
Рубрика Аввал, Ошиқона, Шеър

Ҷонона, биё, биё, ки ман пазмунам,
Банди дилат кушо, ки ман Маҷнунам.
Ман чашму лабу рӯи туро мафтунам,
Ҷаъи ҳама гуфтаҳо буфад мазмунам.

Гуфтам ба ту, эй дӯсти хушдоду гирифт,
Ҳар кас, ки ҷаве бикишт, гандум нагирифт.
Ё бин, ки дар ин замона бо фанду фиреб,
Ҷуз ҳеҷ ба суди хеш мардум нагирифт.

Дар зери дарахт гуфтугӯ мекардам,
Аз зулфи сумансои ту бӯ мекардам.
Худ гуфта будӣ, ки дӯстат медорам,
Чун бахт накӯст ҷучтуҷӯ мекардам.

Муаллиф: Ҳаким Гӯё



1.Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем,
В-ин якдама умрро ғанимат шумарем.
Фардо, ки аз ин дайри куҳан даргузарем,
Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарем.


2.Гӯянд касон: «Биҳишт бо ҳур хуш аст»,
Ман мегӯям, ки «Оби ангур хуш аст!»
Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,
К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст!


3.Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хӯрӣ?
Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.


4.Ин куҳнаработро, ки олам ном аст,
Оромгаҳи аблақи субҳу шом аст.
Базмест, ки вомондаи сад Ҷамшед аст,
Гӯрест, ки такягоҳи сад Баҳром аст.

Давоми матн пас аз блоки реклама


5.З-он пеш, ки ғамҳот шабохун оранд,
Фармой, ки то бодаи гулгун оранд.
Ту зap найӣ, эй ғофили нодон, ки туро.
Дар хок ниҳанду боз берун оранд!


6.Чандон бихӯрам шароб, к-ин бӯйи шароб,
Ояд зи туроб, чуй шавам зери туроб.
Гар бар сари хоки ман расад махмуре,
Аз бӯйи шароби ман шавад масту хароб!


7.Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,
Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш.
В-ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф
Месозаду боз бар замин мезанадаш.


8.Ҳар рӯз бар онам, ки кунам шаб тавба,
Аз ҷому пиёлаи лаболаб тавба.
Акнун, ки расид вақти гул, тавба куҷо?
Дар мавсими гул зи тавба, ё раб, тавба.


9.Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош!
Гар бо санаме даме нишастӣ, хуш бош!
Поёни ҳама кори ҷаҳон нестӣ аст,
Пиндор, ки нестӣ, чу ҳастӣ, хуш бош!

Рубоиёт аз Гулназар Келдӣ


10.Сармаст ба майхона гузар кардам дӯш.
Пире дидам масту сабӯе бар дӯш.
Гуфтам: «Зӣ Худо шарм надорӣ, эй пир?»
Гуфто, ки «Карим аст Худо, бода бинӯш!»


11.Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯйи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.


12.Лаб бар лаби кӯза бурдам аз ғояти оз.
То з-ӯ талабам воситаи умри дароз.
Бо ман ба забони ҳол мегуфт ин роз:
«Ман ҳам чу ту будаам, даме бо ман соз!»


13.Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
Аз нав фалаке чунон дигар сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.


14.Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,
Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.
Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл,
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст!

Рубоёти Умари Хайём бо забони Русӣ >>

Рубаи Омар Хайяма


15.Гул гуфт, ки ман Юсуфи Мисри чаманам,
Ёқути гаронмояи пурзар даҳанам!
Гуфгам: «Чу ту Юсуфӣ, нишоне бинамой!»
Гуфто, ки ба хун ғарқа, нигар, пираҳанам!


16.Бар раҳгузарам ҳазор ҷо дом ниҳӣ,
Гӯйӣ, ки бигирамат, агар гом ниҳӣ.
Як зарра зи ҳукми ту Ҷаҳон холӣ нест,
Ҳукмам ту куниву осиям ном ниҳӣ!


17.Гӯянд биҳишту ҳуру ъин хоҳад буд,
Он ҷо майи нобу ангубин хоҳад буд.
Гар мо маю маъшуқпарастем, равост,
Чун оқибати кор ҳамин хоҳад буд!


18.Бар кӯзагаре парер кардам гузаре.
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам, агар падид ҳар бебасаре,
Хоки падарон дар кафи ҳар кӯзагаре.


19.Афсӯс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд,
В-он тозабаҳори зиндагонӣ дай шуд!
Он мурғи тараб, ки номи ӯ буд шабоб,
Афсӯс, надонам, ки кай омад, кай шуд?


20.Имшаб пай ратли якманӣ хоҳам кард,
Худро ба ду ҷоми май ғанӣ хоҳам кард.
Аввал се талоқи ақлу дин хоҳам дод.
Пас, духтари разро ба занӣ хоҳам кард.


21.Ҳар ҷо, ки гулеву лолазоре будаст,
Аз сурхии хуни шаҳриёре будаст.
Ҳар ҷо, ки бунафша аз замин мерӯяд,
Холест, ки бар рухи нигоре будаасг.


22.Ёрон, чу ба иттифоқ меод кунед,
Худро ба ҷамоли якдагар шод кунед,
Соқӣ чу майи маона бар каф гирад,
Бечора маро ҳам ба дуо ёд кунед.


23.Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш,
Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш.
Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш:
«Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?!»

Пандномаи Аттори Нишопурӣ


24.Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз,
Аз рӯи ҳақиқат, на ки аз рӯи маҷоз;
Бозича ҳамекунем бар наъти вуҷуд,
Афтем ба сандуқи адам як – як боз.


25.Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст.
Дар банди сари зулфи нигоре будаст.
В-ин даста, ки дар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре будаст.


26.3-овардани ман набуд гардунро суд,
В-aз бурдани ман ба иззу ҷоҳаш нафузуд.
В-аз ҳеҷ касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-овардану бурдани ман, аз баҳри чӣ буд?


27.Он қаср, ки бар чарх ҳамезад паҳлӯ.
Бар даргаҳи ӯ шаҳон ниҳодандӣ рӯ.
Дидам ба сари кунгурааш фохтае
Биншаста ҳамегуфт, ки: «Ку? Ку? Ку? Ку?»


28.Шодӣ биталаб, ки ҳосили умр ғамест,
Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву Ҷамест.
Аҳволи ҷаҳону мулки гетӣ яксар.
Хобеву хаёлеау фиребеву дамест.


29.Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак бар сари коре будаст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.


30.Аз омадану рафтани мо суде ку?
В-аз тори вуҷуди умри мо пуде ку?
Аз оташи чарх ҷисми покони вуҷуд,
Месӯзаду хок мешавад, дуде ку?


31.Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре,
Аҳволи мусофирони дунё чун шуд?


32.Эй кош, ки ҷои орамидан будӣ,
Ё ин раҳи дурро расидан будӣ.
Кош аз паси сад ҳазор сол аз дили хок,
Чун сабза умеди бардамидан будӣ.

Рубоиётро бо забони англисӣ хонед >> 

The Rubaiyat of Omar Khayyam


33.Афлок, ки ҷуз ғам нафизоянд дигар,
Бинҳанд яке, то бирабоянд дигар.
Ноомадагон агар бидонанд, ки мо
Аз даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.


34.Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд,
Дар чарх қирони ахтарон хоҳад буд.
Хиште, ки зи хоки ту бихоҳанд задан
Девори саройи дигарон хоҳад буд.


35.Аз тан чу бирафт ҷони поки ману ту,
Хиште ду ниҳанд бар мағоки ману ту.
В-он гаҳ зи барои хишти гӯри дигарон,
Дар колбаде кашанд хоки ману ту.


36.Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ!
В-он кас, ки гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ!
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас, фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!


37.Он косагаре, ки косаи сарҳо кард.
Дар косагарӣ санъати худ пайдо кард.
Бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод,
В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.


38.Ин чарх чу тосест нагун афтода.
Дар вай ҳама зиракон забун афтода.
Дар дӯстии шишаву соғар нигаред:
Лаб бар лабу дар миёна хун афтода.


39.Бар санг задам дӯш сабӯйи кошӣ,
Сармаст будам, ки кардам ин авбошӣ.
Бо ман ба забони ҳол мегӯфт сабӯй:
«Ман чун ту будам, ту низ чун ман бошӣ»


40.Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст,
В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст.
Гар ҳирқаву хонақоҳу шайхӣ набувад,
Ноқусу калисиёву зуннор бас аст.


41.Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст,
В-аз гиряи зор бим сад чандон аст.
Аз ҳар мижа новадони хун аст равон,
Гар ман мижаро ба ҳам занам, туфон аст.


42.Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб,
Ҷону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб.
Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб,
Озод зи хоку бод в-аз оташу об!

Шеърхои ошики


43.Бархез, дило, ки чанг бар чанг занем,
Май нӯш кунему ном бар нанг занем.
Саҷҷода ба як пиёла май бифрӯшем,
В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.


44.Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имруз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?


45.Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.
Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ,
Гул хок шудасту сабза ҳам пок шудаст.


46.Мо хирқаи зуҳд бар сари хум кардем,
В-аз хоки харобот таяммум кардем.
Бошад, ки зи хоки майкада дарёбем.
Он умр, ки дар мадрасаҳо гум кардем.


47.Чун даргузарам, ба бода шӯед маро,
Талкин зи шароби ноб гӯед маро.
Хоҳед ба рӯзи ҳашр ёбед маро,
Аз хоки дари майкада ҷӯед маро.


48.Ибриқи майи маро шикастӣ, Раббӣ,
Бар май дари айшро бубастӣ, Раббӣ.
Бар хок бирехтӣ майи гулгунро,
Хокам ба даҳан, магар ту мастӣ, Раббӣ?!


49.Гар бода хӯрӣ, ту бо хирадмандон хӯр,
Ё бо санами тозарухи хандон хӯр!
Бисёр махӯр, фош макун, вирд масоз,
Кам-кам хӯру гаҳ-гаҳ хӯру пинҳон хӯр!


50.То ҳушёрам, тараб зи ман пинҳон аст,
Чун маст шудам, дар хирадам нуқсон аст.
Ҳолест миёни мастиву ҳушёрӣ,
Ман бандаи он, ки зиндагонӣ он аст!


умари хайем, рубоиет хайем, умари хайем рубоиет, умари хайем забони точики, умари хайем бо забони точики, рубоиети хайем, рубоиети умари хайем, умаров хайем, умар хайем, умари хайем рубоиет бо забони точики, рубоиети умари хайем бо забони точики, дар бораи умари хайем,рубоиёти Умари Хайём бо забони тоҷикӣ, Хаём, рубаи Омар Хайям на таджикском языке, рубои, рубаи, рубоӣ.

Ширин

Хор ману ту гул барин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин,
Дилбари шӯху нозанин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Чашми сиёҳи сурмагин, қоши камони усмагин,
Лаъли лабат асал барин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Оғӯши дилбар ними шаб, бӯса ба бӯса лаб ба лаб,
Бӯсаи гарму оташин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Дилбари дилбари Чин, моҳу парию ангубин,
Аз ҳама ин ту беҳтарин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Бурда қарори ман зи даст, раҳравиҳои кабки маст,
Нозу адоҳоша бубин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Орифии хаста кунун, ба зулфи ту баста кунун,
Ғазалсаро гаштам чунин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.


Ошиқам, дар ҷигарам Тур нигаҳ доштаанд,
Чун туро дар нигаҳам нур нигаҳ доштаанд.
Ман агар бонги Аналҳақ назадам, айб магир,
Ошиқон ҳурмати Мансур нигаҳ доштаанд!
Ҷом пайваста ба каф дораму мастӣ наравад,
Чун ду чашми ту, ки махмур нигаҳ доштаанд.
Чашм – ин беадаб аз рони сапед ор накард,
Подшаҳро ба дари мӯр нигаҳ доштаанд.
***
Кас ба иҷбор дили кас натавонад, ки барад,
Давлат он нест, ки маҷбур нигаҳ доштаанд.
Дур аз музди Худо бод гуруҳе, ки ба нон,
Халқро бардаву муздур нигаҳ доштаанд!
***
Исми аъзам, ки ҳама дар пайи он гум шудаанд,
Рамзи ишқ аст, ки мастур нигаҳ доштаанд.
Аз Худо то ба худам роҳи дароз омадаам,
Аз худам то ба Худо дур нигаҳ дошаанд.
***
Турбатамро ҳама соҳибназарон бӯса зананд,
Маҳшари ишқаму дар гур нигаҳ доштаанд.

Исфандиёри Назар

Рубоёти Ошики Барои Ошикон

01:06

2.01 MB

беҳтарин рубоёти тоҷикӣ

00:43

1.31 MB

33 рубоиёти беҳтарини У Хайём Қисми 1 33 лучших рубаи Хайяма на языке оригинала

12:09

22.25 MB

Рубоёти ошики

00:13

406.25 KB

Рубоёти Ошики

00:53

1.62 MB

Рубоёт гуяк Духтархо ва Бачахо 2017

02:04

3.78 MB

Ишки аввал рубоиёти ошики 3

00:31

968.75 KB

Бехтарин Рубоиёти ошикона

00:34

1.04 MB

Рубоёт барои ошикон 1 2020

02:15

4.12 MB

Умари Хайём Рубоиёт Омар Хайям Рубаи на таджикском языке

08:59

16.45 MB

ХОФИЗИ ШЕРОЗИ кисми 1 HOFIZI SHEROZI Kismi 1 ХАФИЗ ШИРАЗИ часть 1

04:25

8.09 MB

УМАРИ ХАЙЁМ РУБОИЁТ кисми 2 ОМАР ХАЙЯМ РУБАИ часть 2

07:53

14.43 MB

Рубоиёти Умари Хайём беҳтаринош қисми 2 Стихи Омара Хайяма в оригинале

08:00

14.65 MB

Зиндагй ишк аст афсона не Рубоёти ошики

00:21

656.25 KB

ШЕЪРХОИ ОШИКОНА БАХРИ ДИЛДОДАГОН ВА ОШИКОН

03:31

6.44 MB

Рубоёт аз умари хаём Tadjik Tv

01:01

1.86 MB

Аббоси Ревади Хосият Ортукова Орзугул Хучамова Рубоёти Зарафшон 2016

12:12

22.34 MB

Шеърҳои ошиқи

01:02

1.89 MB

Шеърҳои ошиқи

00:46

1.40 MB

рубоиёти масчохи бехтарин суруди точики халки 2021

04:10

7.63 MB

Рубоиётхои Зарафшон аз хофизони шинохтаи республикаи Точикистон

19:46

36.19 MB

УМАРИ ХАЙЁМ РУБОИЁТ кисми 4 ОМАР ХАЙЯМ РУБАИ часть 4

07:34

13.85 MB

Шеърҳои ошиқи

01:36

2.93 MB

Шеърҳои ошиқи

00:50

1.53 MB

Рубоёти ошики 2020

01:26

2.62 MB

Шеърҳои ошиқи

00:50

1.53 MB

УМАРИ ХАЙЁМ РУБОИЁТ кисми 3 ОМАР ХАЙЯМ РУБАИ часть 3

07:45

14.19 MB

Шеърҳои ошиқи

01:29

2.72 MB

УМАРИ ХАЙЁМ РУБОИЁТ кисми 5 ОМАР ХАЙЯМ РУБАИ часть 5 Овози КУРБОНИ СОБИР

07:34

13.85 MB

РУБОЁТИ ОШИКИ БАРОЙ ОШИКОНИ РУЙ ДУНЁ

03:47

6.93 MB

10 рубоёти Абу Али ибни Сино Бо садои Човидон Аминзода Abu Ali Ibni Sino Ruboyotho

03:51

7.05 MB

УМАРИ ХАЙЁМ РУБОИЁТ кисми 1 ОМАР ХАЙЯМ РУБАИ часть 1

07:42

14.10 MB

Умари Хайём МАЙ МАСТИ МАЙПАРАСТИ ЧИСТ Таҳлили Рубоиёти Ибриқи майи Маро Шикасти Рабби

24:11

44.28 MB

Рубоиёти ҳақиқӣ

01:21

2.47 MB

Ширинии хаёт надида гирёну нолон мерави Бехтарин киса

01:03

1.92 MB

Аё Модар Шеър дар васфи Модар

00:19

593.75 KB

Шудам аз дури пазмонат Шери бехтарин барои ошикон 2021

01:13

2.23 MB

Кудбиддин Рачабзода Зарафшони консерт 2018

03:32

6.47 MB

САЪДИИ ШЕРОЗИ рубои SADII SHEROZI Ruboi Овози Курбони Собир

07:43

14.13 MB

Шеърхои устод Рудаки дар кироати шодравон Махмудчон Вохидов

19:22

35.46 MB

Супер Суруди точики ошики Таджикские про любовь 2020

03:16

5.98 MB

Хумори манзили кӯи ту дорам. 
 Умеди дидани рӯи ту дорам . 
 Сари андешаам аз рӯи дастат, 
 Хумори рӯи зонуи ту дорам.

***********************

Суруди нотамоми ман туи ту. 
 Ҳаёти бардавоми ман туи ту. 
Ба гардуни хаёлам эй азизам, 
 Ҳамеша моҳи тобонам туи ту.

***********************

Ғам махур ошиқ, ки ғамхорат манам. 
 Ин ҷаҳону он ҷаҳон ёрат манам. 
 Гар надори рӯз ту парвои ман, 
Шаб биё эй ёри шаб ёрат манам

***********************

*****, ҳусни ту саргарми савдои дилам бошад, 
Азоби меҳри ту дар мавҷи дарёи дилам бошад. 
Дигар асло намехоҳам касеро ман ба ғайр аз ту, 
Илоҳо меҳри ту оғозу анҷоми дилам бошад. 
Надидам мисли ту зеборухе андар баҳори хеш, 
Аз ин пас ҳусни ту зебогули боғи дилам бошад.

***********************

Аз соғари муҳаббат нӯшида ҷоми ширин 
Андар замину осмон, афсона карди маро 
 Аз дарси зиндагони омӯхти дарси ҳиҷрон 
Эй писари бевафо, фарзона карди маро

***********************

Чаро дигар азизи ман 
 Ба сӯи ман намеоӣ 
Магар дилкандаи аз ман 
 Ки ишқамро намехоҳӣ

***********************

Зи сӯзи дил хабар дори муҳаббат. 
 Ба ҷони мо асар дори муҳаббат. 
Ту аз чашмони ёри хушгили мо, 
 Ба сӯи мо назар дори муҳаббат.

***********************

Бо сухан кушти маро ту зинда бош. 
 Ҳамчун хуршеди саҳар тобанда бош. 
 Ҳар киро имрӯз ёраш мекуни, 
Дар канораш чун гул арзанда бош.

***********************

Саодатмандиатро хоҳам эй гул, 
 Асири хандаҳоят гардам эй гул. 
 Дар ин дунёи бераҳму пурошӯб, 
 Оромӣ дар нигоҳат бинам эй гул. 
 Равон гардида ман сӯят ба ёде, 
Аз он рухсори ту гул чинам эй гул. 
 Туро андар хаёлам парваридам, 
 Вале бе ёду ту ғамгинам эй гул. 
 Азоби ҳар ду дунёст бар сари ман, 
 Ғарибу бенавое гаштам эй гул. 
 Умеду қалби ман бо туст якҷой, 
 Фазои меҳри ту парвозам эй гул. 
Расад бар ман агар як тори зулфат, 
 Осмони қалби худ бикшоям эй гул. 
 Навиштам ин суханҳо аз аламҳо, 
 Биё боре барам, мемирам эй гул.

Понравилась статья? Поделить с друзьями:
  • Рука его была теплая и влажная грамматическая ошибка
  • Рубаи ошибки точики
  • Росфинмониторинг ошибка 301701
  • Рсв код ошибки 0400500003 что делать
  • Ртс тендер ошибка при подписании заявки